Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти пухта ба кор оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти пухта пас аз навсозӣ ба фаъолият шуруъ мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Корхона ҳанӯз охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта ба кор оғоз карда буд, вале бо иқтидори кам хишт истеҳсол менамуд.
Ҳоло корҳои навсозию барқароркунӣ дар қисмати танӯрҳои корхона ҷараён дошта, баробари ба фаъолият шуруъ кардан дар он беш аз 50 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешавад.
Баъди ба кор оғоз кардан ин дуюмин ва бузургтарин корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар ноҳияи Мастчоҳ хоҳад буд, ки иқтидори солонаи истеҳсоли он қариб 20 млн дона хишт дар як солро ташкил медиҳад.
Барои чунин иқтидори бузурги истеҳсоли хишт роҳбарияти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таҷҳизоти нав харидорӣ намудааст.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо корҳои навсозиву барқароркунӣ ба роҳбарияти корхона ҷиҳати хушсифат истеҳсол намудани ин навъи масолеҳи сохтмонӣ ва муҳайё сохтани шароити хуби корӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






