Дар ноҳияи Шаҳринав Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» доир гардид
ШАҲРИНАВ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар гулгашти назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни «Сайри гули лола» доир карда шуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо мақсади вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таълиму тарбияи ҳисси хештаншиносиву ватандӯстии шаҳрвандон, ҷалби сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ, маданияти шаҳрнишинию сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагии муҳити зист ва парвариши гулу бунёди гулгаштҳо дар ноҳияи Шаҳринав баргузор карда шуд.
Дар асоси Низомномаи озмун ташкилоту муассиса, корхона ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вазифадор гардиданд, ки дар доираи озмуни «Сайри гули лола» дар кӯчаю хиёбонҳои ноҳия, назди ташкилоту муассиса ва корхонаҳои худ гули лола, садбарг ва дигар гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонида, парвариш намоянд.


Ҳайати гурӯҳи кории ноҳиявӣ оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» аз ҳолати воқеии корҳои анҷомдода дар кӯчаю маҳал, деҳу деҳоти ҳудуди ноҳия боздид ва озмунро ҷамъбаст намуд.
Ҳайати Комиссияи ноҳиявии озмун дар қисмати ҷамъбастӣ аз рӯи номинатсияҳо беҳтаринҳоро барои иштироки фаъолона дар даври ноҳиявии озмуни гулҳо «Сайри гули лола» бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав сарфароз гардонид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






