Дар ноҳияи Тоҷикобод фестивали «Сад ранги чакан» доир гардид
ТОҶИКОБОД, 11.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур бо мақсади иҷрои “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 тасдиқ шудааст, гузаронида шуд.
Созмондиҳандаи ин барномаи бошукуҳи фарҳангӣ масъулини ноҳияи Тоҷикобод буда, эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот ба эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон- чакан ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии башарият аз ҳадафҳои асосии барномаи фарҳангӣ –фароғатӣ ба шумор меравад.
Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон гардида, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, тарғиби ҳунару либоси миллӣ, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо намуда, сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод










Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






