Дар ноҳияи Қубодиён ба ҷамъоварии зардолу шуруъ карданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Боғдорони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба ҷамъоварии зардолу оғоз намуда, як килограмм онро бо нархи яклухт 3-5 сомонӣ аз сари замин ба фурўш гузоштаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Тавре директори КВД «Ниҳолпарвар»-и ноҳияи Қубодиён Бахтиёр Ислом иброз дошт, соҳибкорон то имрӯз аллакай наздик ба 30 тонна ҳосили ин навъи меваро ба хориҷи мамлакат – Русия, Қазоқистон ва Беларус интиқол додаанд.
«Дар ин шабу рӯз ҳосили ҷамъоварда баъд аз банду баст ба мошинҳои калони боркаш, ки яке пайи дигаре дар навбат истодаанд, ҷой карда мешавад», — илова кард ў.
Мавсуф тазаккур дод, ки дар 37 гектар боғи зардолуи корхона, 4 навъи ин мевагӣ парвариш карда мешавад, ки асосан барои содирот нигаронида шуда, ҳамасола охири моҳи апрел пухта мерасад.
— Имсол, ки ҳаво нисбатан сард омад, ҷамъоварии зардолу каме ба таъхир афтод. Мо аз 45 тонна нақшаи пешбинишуда аллакай 20 тоннаи онро ҷамъоварӣ кардем ва ҳафтаи оянда содироти олуро низ оғоз менамоем, — иттилоъ дод директори КВД «Ниҳолпарвар» — и ноҳияи Қубодиён.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон









Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






