Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт

Апрель 18, 2023 17:54

ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Инъикоси ёдгориҳои таърихӣ дар офаридаҳои рассомон»- таҳти чунин унвон  имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ намоиши асарҳои рассомони тоҷик  ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев хабар дод.

Дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллӣ мусаввараҳои офаридаи рассомон З. Довутов «Эҳё», В, Бровидский «Масҷид дар Ҳисор», М.Бекназаров «Устод ва шогирдон», В. Сидоренко «Масҷид»,  А. Камелин «Ҷомӣ дар китобхонаи Ҳирот»,  Х.Хушвахтов «Самарқанд», Н.Юлдошев «Бухорои куҳан», В. Сидоренко «Ишғоли қалъаи Ҳисор», Р. Абдурашидов «Қалъаи сурх»,  Г.Манизер «Манораи калон»,  А.Камелин «Мадрасаи нав дар Ҳисор», З. Довудов «Симои Абуалӣ ибни Сино», Э.Олимов  «Шоми қалъа» ва Д.Яқубова «Қалъаи Ҳисор» пешниҳод гардид. Асарҳои рассомон, ки ба маъраз гузошта шудаанд, аҳамияти таърихӣ ва осорхонавӣ дошта, доир ба ёдгориҳои меъмории халқи тоҷик ва инъикоси онҳо дар эҷодиёти рассомон қисса мекунанд.

Дар доираи намоиши асарҳои рассомони тоҷик  дар  Осорхонаи миллӣ ҳамоиш баргузор гардид, ки  дар он  Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Осорхонаи миллӣ ва котиби генералии Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Дар идомаи барномаҳо озмуни ҷумҳуриявии Беҳтарин мақола дар мавзӯи  «Ҳифзи мероси таърихӣ –вазифаи ҳар яки мост!», ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ифтихори Рӯзи  байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эълон гардида буд, ҷамъбаст  ва ғолибон қадрдонӣ шуданд.

Баъд аз анҷоми ҳамоиш бо иштироки аҳли ҳунар барномаи фарҳангию театрӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид.

Намоиши «Инъикоси ёдгориҳои таърихӣ дар офаридаҳои рассомон» дар Осорхонаи миллӣ то 1 май  идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 18, 2023 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид