Дар се моҳи соли равон дар Суғд зиёда аз 7 тонна маҳсулоти ғизоии пастсифат аз муомилот бароварда шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми моҳҳои январ — марти соли равон дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд зиёда аз 7 тонна маҳсулоти ғизоии пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта ва инчунин бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ба фурӯш гузошта шуда буд, ки аз ҷониби марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ошкор ва аз муомилот гирифта шудааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Ба таъкиди мутахассисони марказ, ҳарчанд дар ин самт назорат пурзӯр ва корҳои фаҳмондадиҳӣ низ пайваста ба роҳ монда шавад ҳам, иддае аз тоҷирону соҳибкорон бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» амал намуда, дар баъзе маврид маводи ғизоӣ, аз қабили гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, равғани растанӣ, маҳсулоти қаннодӣ, хӯришҳои кансервагӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, обҳои ташнагишикан, орд, намак ва тухму гӯшти парандаро, ки муҳлати истеъмолашон гузаштааст ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат надоранд, дар бозору мағозаҳо ва марказҳои савдою тиҷорат ба харидорон пешниҳод мекунанд.
Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд барои ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ назоратро пурзӯр ва пайваста тадбирҳоеро амалӣ мекунанд, ки ба сиҳатии омма равона шудааст. Аз ҷумла, ҳолати маҳсулот дар 4 таҳлилгоҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд мавриди ташхис қарор мегирад. Дар ин самт ҳамзамон дар 16 шаҳру ноҳияи вилоят ташхисгоҳҳои замонавӣ фаъолият доранд.
Ба гуфти мутахассисон, вақти ташхис дар баъзе маврид ҳолатҳое ошкор карда мешаванд, ки маҳсулоти воридшуда сифати паст дошта, истеъмолаш метавонад боиси пайдо шудани бемориҳои гуногун гардад. Аз ин лиҳоз, аз соҳибкорон талаб карда мешавад, ки саломатии сокинонро аз манфиати хеш боло дониста, ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Ҳамчунин аз соҳибкорон ва шахсони масъули марказҳои савдою тиҷорат талаб карда мешавад, ки дар вақти фурӯши маводи ғизоӣ, аз ҷумла маҳсулоти зудвайроншаванда талаботу меъёрҳои муқарраршударо комилан риоя намоянд.
Сокинон низ дар вақти рӯ ба рӯ шудан ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла фурӯши маҳсулот дар шароити ғайрисанитарӣ бояд ниҳодҳои дахлдорро сари вақт огоҳ намоянд. Зеро амалҳои муштарак ба манфиати ҷомеа буда, бо ин роҳ метавон солимии аҳолиро ҳифз кард.
АКС: Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд








Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд






