Дар шаҳри Екатеринбург барои наврасони тоҷик даврҳои омӯзишии томактабӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия даврҳои омӯзишии томактабӣ барои фарзандони тоҷикони муқими ин шаҳр оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия хабар доданд.
Даврҳои омӯзишӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи «Гилдияи омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар минтақаи Урал» дар доираи барномаи «Мактаби якшанбегии забони русӣ барои наврасони синни томактабӣ» бо пуштибонии роҳбарияти ноҳияи Железнодорожнийи шаҳри Екатеринбург ва дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти тоҷикон «Дидор» ба таври ройгон ташкил карда шуд.
Дар навбати аввал 25 навраси тоҷик ба ин даври омӯзишӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо омӯзгорони касбӣ таълим хоҳанд дод.
Тибқи нақшаи роҳбарони барнома, дар оянда имкон аст, ки доираи васеи ҳамватанон ба ин машғулият фаро гирифта шавад.
АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






