Дар шабнишинӣ дар ИМА чор нафар бар асари тирпаронӣ ҳалок шуд

Апрель 17, 2023 11:36

ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тирпаронӣ дар шабнишинии ҷашни зодрӯзи наврасе дар Алабамаи Амрико чаҳор нафар ҳалок ва чанд тани дигар захмӣ шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба агентии «Голос Америки» хабар додааст.   

Дар Дейдвилл, иёлати Алабама, дар ҷашни зодрӯзи навраси 16-сола тирпаронӣ ба амал омад. Чор нафар ҳалок ва чанд нафари дигар захмӣ шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Алабама тафтиш бурда истодаанд.

Сабаби ҳодиса хабар дода нашудааст. Маълум нест, ки гумонбар боздошт шудааст ё не.

Кохи Сафед иттилоъ додааст, ки Президенти ИМА Ҷо Байден аз ҳодисаи тирпаронӣ огоҳ карда шуда, вазъиятро бодиққат назорат дорад ва бо мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тамос аст, то дар ҳолати зарурӣ ба онҳо кумак расонад.

Дейдвилл дар шарқи Алабама, тақрибан 57 мил (92 км) дуртар аз шимолу шарқи Монтгомери ҷойгир мебошад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Reuters

Апрель 17, 2023 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд