Дар Театри ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб спектакли таърихии «Катан» намоиш дода шуд
КӮЛОБ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоиши таърихии «Катан» манзур гардонида шуд, иттилоъ доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Намоиш саропо эҳсоси ватандӯстӣ ва шарафу номуси ватандориро фаро мегирифт. Намоиш аз рӯйи драмаи шоир ва драматург Файзи Ашӯр ба саҳна гузошта шуд. Басаҳнагузорандаи намоиш арбоби санъати тоҷик Мирзоватан Миров мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки рӯнамоии намоиши мазкур бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва дигар арбобони илму фарҳанги мамлакат 24 апрел баргузор мегардад.
Намоиш ҷавобгӯ ба сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст.
Катан қаҳрамони Бобакон аст, ки якҷо бо сипоҳаш баҳри ҳифзи ватан дар задухӯрд бо урдӯи ғосиби юнонӣ таҳти фармондеҳии сарлашкар Александри Македонӣ –Кратер ҷонбозиҳо карда, фидокорӣ нишон додааст. Намоиш пур аз саҳнаҳои задухӯрд ва лаҳзаҳои ҳаяҷонбахши ишқу муҳаббат аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






