Дар Тоҷикистон Барномаи низоми иттилоотии идоравии назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи низоми иттилоотии идоравии назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонро фаъол намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ хабар доданд.
Барнома бо мақсади густариши раванди рақамикунонӣ ва осон гардидани кори нозирон дар самти назорати соҳаи шаҳрсозӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар барнома нозирони соҳаи шаҳрсозӣ маълумотро оид ба феҳристи иншооти сохтмонӣ, ворид намудани тамоми маълумоти иншооти сохташаванда дар ҷумҳурӣ, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, ҳолати иҷрои корҳои сохтмонӣ, назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи бинокорӣ ба таври электронӣ дарҷ менамоянд.
Самаранокии фаъолият, бунёди босифати бинову иншоот ва бехатарии ҳаёт аз ҳадафҳои асосии сомонаи электронӣ мебошад.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






