Дар Токио тобистони имсол шиддатёбии таъминот бо неруи барқро интизор мебошанд

Апрель 4, 2023 19:33

ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯиҳои ҳукумати Ҷопон, эҳтимол аст, ки ташаннуҷ дар таъмини неруи барқ дар Токио тобистони имсол дубора пайдо шавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар додааст.

Тахмин меравад, ки иқтидори захиравӣ дар моҳи август то 3,9% афзоиш ёфта, моҳи январи соли 2024 дар шабакаи барқи Токио ва инчунин дар минтақаҳои шимолии Ҷопон, аз ҷумла Ҳоккайдо ба 4,6% расад.

Бо нигаронӣ аз норасоии неруи барқ ҳукумати Ҷопон моҳи июли соли гузашта аз сокинон ва коргарони муассисаҳо хоҳиш намуд, ки неруи барқро сарфа кунанд.

Бино ба иттилои ВАО-и маҳаллӣ, барои таъмини устувори неруи барқ сарвазири Ҷопон Фумио Кисида ба ҳукуматаш дастур додааст, ки талошҳоро барои дубора ба кор андохтани реакторҳои ядроӣ, ки ба меъёрҳои шадиди бехатарии баъд аз садамаи неругоҳи ядроии «Фукусима-1» дар соли 2011 баамаломада мувофиқат мекунанд, суръат бахшад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 4, 2023 19:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад