Дар Тошканд дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид

Апрель 20, 2023 08:38

ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон дар  мулоқоти Сафири Фавқулода  ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов дар Тошканд баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ додааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки дар партави  сиёсати Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон робитаҳои ду давлати ҳамҷавор дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ босуръат рушд ёфта, мазмуну мундариҷаи нав касб намудааст.

Ҳамчунин мусоҳибон тақвияти ҳамкории самаранокро байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун  ибрози назар карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Апрель 20, 2023 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард