Дар Женева гузориши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ ҳимоя карда шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 апрел дар иҷлосияи 109-уми Кумитаи СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария гузориши муттаҳидаи дувоздаҳум ва сенздаҳуми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалинамоии муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ ҳимоя карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.
Зимни баррасии гузориши Тоҷикистон Кумитаи СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» — ро мусбат арзёбӣ намуд.
Аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон посухҳои дахлдор ва омор дар асоси натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 вобаста ба амалинамоии Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ ва инчунин маълумоти муфассал доир ба пешрафт, навоварӣ ва ислоҳот, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, пешниҳод карда шуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки бо мақсади амалинамоии муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ ва амалинамоии тавсияҳои мақомоти СММ 19 июли соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул карда шуд. Он асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имконияти баробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқаррар менамояд.
Таъкид гардид, ки соли 2016 дар ҷумҳурӣ “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул гардид, ки мақсади он расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори башарият мебошад. Бо мақсади таъмин ва амалинамоии ин Стратегия дар доираи марҳилаи аввал “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” бомуваффақият амалӣ гардид. Дар айни ҳол дар доираи марҳилаи дуюм “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” амалӣ шуда истодааст.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон механизми пешниҳод ва ҳимояи гузоришҳои миллӣ вобаста ба иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро воситаи муҳими назорати байналмилалии риояи ҳуқуқи инсон мешуморад ва бори дигар содиқ будани худро ба ин тартиб тасдиқ мекунад. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мунтазам андешидани тадбирҳои амалӣ ва таъсирбахш уҳдадориҳои байналмилалии худро софдилона иҷро менамояд.
Кумитаи СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ посухҳои ҳайати Тоҷикистонро роҷеъ ба саволҳо, пешниҳод ва омодасозии иттилоот мусбат арзёбӣ намуд.
Бояд гуфт, ки Кумитаи СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ аз 18 коршиноси мустақил иборат аст, ки онҳо назорати иҷрои муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ аз ҷониби давлатҳои аъзоро амалӣ менамоянд. Конвенсия ҷиҳати рафъи табъизи нажодӣ чораҳое пешбинӣ мекунад, ки давлатҳое, ки Конвенсияро тасдиқ кардаанд ё ба он ҳамроҳ шудаанд, уҳдадоранд иҷрои онҳоро таъмин намоянд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид






