Доир ба таконҳои берунӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Ирфон» таҳти унвони «Таконҳои беруна ва таъсири он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» китоби олими иқтисодшинос Ғиёс Ғоибназаровро ба нашр расонид. Дар китоб асосан ҷанбаҳои илмӣ-назариявӣ ва методологии таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таъсири таконҳои берунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Тавре директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Ғуломзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин асари илмӣ арзёбии таъсири таконҳои берунӣ ба амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи омилҳо гурӯҳбандӣ гардида, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар китоби мазкур зарурати ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ бо мақсади воридоти технологияи муосири истеҳсолӣ ва равона сохтани он ба корхонаҳои дорои таъйиноти истеҳсолӣ бо мақсади таъмини амният ва рушди иқтисодиёти миллӣ, ҳамзамон диверсификатсияи содирот ва воридотивазкунии онҳо асоснок карда шудааст.
Бояд гуфт, ки масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодиёти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири омилҳои берунӣ барои ҳар давлат аҳамияти аввалиндараҷа дошта, баҳри амалӣ намудани мақсадҳои минбаъдаи рушд шароити зарурӣ муҳайё менамоянд. Ин нуктаи муҳим соли 2016 зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» хеле нишонрас таъкид гардида буд: «Бояд барои пайдо кардани бозори нави содиротӣ, кам кардани воридоти маҳсулоти истеъмолӣ, паст кардани сатҳи вобастагии мамлакат аз таъсири омилҳои берунӣ, мусоидат ба рушди сохтори воқеии иқтисодиёт ва зиёд намудани қисми даромади буҷети давлатӣ кӯшиш намоем».
Ин дастури Сарвари давлат моро вазифадор намуд, ки ҳарчӣ тезтар маҳсулоти хушсифати рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ истеҳсол намоем. Хушбахтона, ин дастурҳои зиндагисоз чанд соли охир аст, ки амалӣ мегардад. Масалан, аллакай Ҷумҳурии Тоҷикистон аз истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда танқисӣ намекашад. Дар ин соҳа воридот қатъ гардида, содироти маҳсулоти парҳезӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонӣ зиёд шудааст.
Китоби «Таконҳои беруна ва таъсири он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба донишҷӯён, аспирантон, унвонҷӯёни мактабҳои олӣ ва кормандони илмие, ки муаммоҳои таъмини амнияти иқтисодиёти миллии давлатҳоро дар шароити таъсири такони омилҳои берунӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳанд, тавсия карда мешавад.
АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»








«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд






