Доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Остона ҷамъ меоянд
ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аввали моҳи май дар шаҳри Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар Форуми соҳибкорӣ намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон ва соҳибкорони ҳар ду давлат дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ иштирок менамоянд.
Пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ байни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон аз ҳадафҳои асосии форум арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар сиғаи «соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳар ду ҷониб доир гардад. Аз рӯйи натиҷаи вохӯриҳо баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳар ду давлат дар назар дошта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






