ДУШАНБЕ ДАР МАРҲИЛАИ БУЗУРГИ ШАҲРДОРИВУ ШАҲРСОЗӢ ҚАРОР ДОРАД. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт

Апрель 10, 2023 15:42

ДУШАНБЕ, 10.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Чанд соли охир марҳилаи тақдирсози таҳкими рукнҳои шаҳрдориву шаҳрсозӣ, солҳои талошҳои хастагинопазир ва дастовардҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе арзёбӣ мегардад. Чунин иброз дошт сармутахассиси Раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад.

— Имрӯз робитаҳои хориҷии шаҳри Душанбе бо истифода аз унсури меҳварии сиёсати хориҷии мамлакат — сиёсати «дарҳои боз» устуворона таҳким ёфта, ҳамкорӣ ва муносибатҳои судманди шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ба роҳ монда шудааст.

Пӯшида нест, ки дар таҳкими ҳамкории зудрушдкунанда саҳми сафарҳои хориҷӣ ва мулоқоту суҳбатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ нақши хосса дошт. Натиҷаи механизмҳои мазкур сабаб гардид, ки солҳои охир шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ашқободи Туркманистон ва Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибати бародаршаҳрӣ барқарор карда, барои густариши равобити дӯстона ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои тарафайн имконият фароҳам оварда шуд.

Дар доираи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҷумҳури Мардумии Чин 466 воситаи нақлиёти гуногуни коммуналию мусофиркаш ва студияи сайёри телевизионӣ чун кумаки бебозгашт дастрас гардид.

Студияи сайёри телевизионӣ аз се мошини калон иборат буда, дар онҳо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳавӣ, ки барои сабт, пахши мустақим ва ороиши барномаву намоишҳои гуногун пешбинӣ шудааст,  банду баст гардидааст. Студияи мазкур имконият дорад чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро бо сифати «Full HD», яъне дақиқияти баланди сабт ва ба таври мустақим пахш намояд.

Бо таваҷҷуҳ ва талошҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF), тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Русия шаҳри Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини давлатҳои аъзои ИДМ, ба даҳгонаи Беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона шомил гардида, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ арзёбӣ гардид.

Аз 3 октбяри соли 2019 шаҳри Душанбе бо қарори Шўрои вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва аз 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд.

Давоми панҷ соли охир баҳри баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир, тақвияти ҳамкорӣ ва рушди устувори соҳаҳои мутхалифи пойтахт зиёда аз 2 миллиарду 87 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки 554 миллион доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Бо ташаббус ва ибтикороти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри тарғибу ташвиқи имконияти иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, сайёҳию сармоягузорӣ, инчунин таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ, фаъол гардонидани раванди ҷалби сармояи хориҷӣ, рушд ва таъмини оммавияти варзиш дар пойтахти мамлакат ҳамасола барномаҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, оммавию варзишӣ, аз қабили  Фестивали байналмилалии «Наврӯзи Душанбе»; Фестивали «Оби Душанбе», Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»; Форуми байналмилалии «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон»; Фестивали байналмилалии фарҳангии кӯдакону наврасон «Шукуфаҳои пойтахт» ва дигар чорабиниҳову мусобиқаҳои варзишии сатҳи баланд баргузор карда мешаванд, ки дар он сокинону меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ иштирок менамоянд.

Ин ҳама пешравиҳои рӯзафзун ва рушду тараққиёт маҳз ба туфайли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, амнияту субот ҳамчун пойдевор ва маншаи ҳамаи пешрафту комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои мухталифи шаҳрдорӣ рӯйи кор омада, умеди мардумро ба ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлол беш аз пеш афзун менамояд.

Воқеан пойтахт муаррифи давлату миллат буда, барои бегазанду беолоиш нигоҳ доштан ва ба оламиён ба таври шоиста шинос кардани он кормандони мақомоти давлативу ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар сокини ватандӯсти мамлакат вазифадору масъул мебошад.

Амалҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ мо, ҷавононро водор месозанд, ки ба қадри Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи саросарӣ бирасем ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми назаррас гузорем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 10, 2023 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Дастгоҳҳои барқии маиширо дар хона чӣ тавр бояд истифода намуд?
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои ҳидояткунанда ба рушду зиндагии шоиста мавқеи меҳварӣ доранд
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Чӣ гуна бояд аз он истифода барем?
Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе таҳия гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард дар зимистон эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро коҳиш медиҳад
Соли 2025 дар низоми ҳамлу нақли байналмилалӣ баъзе дигаргуниҳо ба амал меоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
ҚИМАТТАРИН ГАНҶИНАИ САРЗАМИНИ ПУРГАНҶ
Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар рушди тафаккури техникии насли наврас мақоми хосса дорад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои рушди иқтисоди миллӣ мебошад