ФАРЗАНДОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Се ноболиғ ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъ ғарқ шудааст

Апрель 24, 2023 15:15

ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта  се ноболиғ ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъ дар обҳои мамлакат ғарқ шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ҳодисаи фавқулода 23 апрел рух дода, ноболиғони 12, 13, 14-солаи  ғарқшуда сокинони ноҳияҳои Варзобу Ёвони вилояти Хатлон ва шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади писарбачаи 14-сола, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо талоши кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.

Наҷотдиҳандагони Кумита барои пайдо кардани ҷасади духтарчаи 12-сола, сокини ноҳияи Ёвон ва писарбачаи 13-сола, сокини ноҳияи Варзоб субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯиро идома доданд.

Ғайр аз ин як сокини деҳаи Асбоби Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо се нафар дӯсташ дар минтақаи кӯҳии Чинордара истироҳат мекард ва аз баландӣ сарозер шуд. Дар бархӯрди шадид ӯ сахт захмӣ гашта, ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ фавтидааст.

Дар иртибот ба ин ҳодисаҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми будубош дар минтақаҳои кӯҳӣ ва соҳили рӯдхонаҳо ба қоидаҳои бехтарӣ диққат диҳанд. Бачаҳоро беназорат нагузоранд, зеро дар натиҷаи бепарвоиву беназоратии волидон ин гуна ҳодисаҳои нохуши фоҷиавӣ  ба амал меоянд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 24, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад