Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» бо шукуҳи хосса оғоз гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи Фестивал-озмун роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҳунару санъати мамлакат иштирок намуданд.
Пас аз маросими ифтитоҳ парчами Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» афрохта шуда, аъзои ҳакамон муаррифӣ гардид.
Тазаккур дода шуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон театрҳои касбии мамлакат ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Иброз гардид, ки имсол Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида мешавад.
Фестивалро намоиши Театри давлатии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯи асари А. Фирдавсӣ «Зол ва Рудоба» дар таҳияи режиссёр Баҳром Қурбонов ҳусни оғоз бахшид.


Ёдовар мешавем, ки Хушназар Майбалиев коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ буда, зиёда аз панҷоҳ спектакл, аз қабили «Дӯсти дӯст», «Захми забон», «Фарёди ишқ», «Беватан», «Ибтидо», «Машварат», «Писари калонӣ», «Ваня тағо», «Антигона», «Муфаттиш», «Дод аз дасти ақл» ва ғайраро рӯи саҳна оварда, дар беҳбуд ва равнақи санъати театри тоҷик ҳиссаи назаррас гузоштааст.
Мавсуф дар ҷодаи коргардонӣ аз василаҳои гуногун истифода бурда, барои ноил шудан ба мақсади ниҳоӣ ҳеч гоҳ тан ба фароғат намедод. Бо дигар театрҳои касбии ҷумҳурӣ ҳамеша дар робитаи эҷодӣ қарор дошт ва донишу таҷрибаашро ба ҷавонони навкор ёд медод.
Бояд гуфт, ки дар фестивали мазкур 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.
Инчунин дар доираи фестивал баргузории ду ҳамоиш- яке дар мавзуи «Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик» ва «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» дар назар аст.
Мавриди тазаккур аст, ки Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.
София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»










Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






