Футболбозони «Шодмон» дастаи «Колхози Россия»-ро бо ҳисоби 6 бар 0 мағлуб карданд
ҲИСОР, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 13 апрел дар варзишгоҳи «Ҷавонон»-и шаҳри Ҳисор мусобиқаи дастаҳои футболи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор ва «Колхози Россия»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар Лигаи дуюми мамлакат доир гардид, ки дар натиҷа бо ҳисоби 6 бар 0 ба фоидаи дастаи «Шодмон» хотима ёфт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.
Аз таъсиси дастаи футболи шаҳри Ҳисор «Шодмон» муддати зиёде нагузашта бошад ҳам, бозингарони он то имрӯз аз 4 бозӣ 3 ғалаба ба даст оварданд. Дар бозии навбатӣ ба дарвозаи ҳарифи худ- дастаи «Колхози Россия» 6 тӯби беҷавоб зада, ғолибияти дастаро таъмин намуданд.
Дар муваффақияти даста саҳми мураббӣ Сӯҳроб Шарифов ва ёрдамчии мураббӣ Фаррух Севинов калон буда, умед аст, ки дастаро дар наздиктарин фурсат ба ҳайати Лигаи якуми мамлакат шомил менамоянд.
Чор тӯб — якум, дуюм, чорум ва шашумро бозингари дастаи «Шодмон» Саидҳомид Узбеков, тӯби сеюмро Ҳумайнӣ Камолов ва тӯби панҷуми ҷаримавии ёздаҳметраро Кабир Қосимов, ки дар қисми дуюми бозӣ вориди майдон гардид, ба дарвозаи меҳмонон заданд.
Дар интиҳои қисми якуми бозӣ Раиси шаҳри Ҳисор дар фазои тантанавӣ ба ғолиби «Ҷоми Президенти Тоҷикистон» ва Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдумалик Болтаев Сипосномаи Раиси шаҳр ва туҳфаи хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро тақдим намуд. Ҳамзамон ба ӯ баҳри гирифтани роҳхати иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии қитъавии Осиё, ки моҳи ноябр дар ҷумҳурии Урдун баргузор мегардад, муваффақият таманно карданд.
Абдумалик Болтаев таҳти роҳбарии Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Нарзуллоев тамрин менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






