ХИЗМАТ БА ВАТАН — ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон як гурӯҳ донишҷўёнро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд

Апрель 19, 2023 18:36

ДУШАНБЕ, 19.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  ба муносибати гусели гурӯҳи донишҷӯёни ватандӯсту шуҷоатманде, ки ба таври ихтиёрӣ ва бо амри дилу виҷдон азми хизмати Ватан-Модар кардаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки иштирок дар маъракаи баҳории даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бинобар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мафкуравӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ сари вақт таъмин гардид.

Ба наваскарон гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан–Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ буда, роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароити хуби хизмати ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан- нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва мардуми мамлакат мебошад.

Ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омадани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таҳкиму сулҳу осоиштагӣ ва дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳаматарафа омода мебошанд.

Дар фарҷом иштирокчиёни маросим, модарони даъватшудагон ҳамчун рамзи меҳрпайвандӣ бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда нон газониданд, то шаҳписаронашон хидмати Ватан-Модарро сарбаландона ба ҷо оварда, сиҳатманду сарбаланд ба зодгоҳашон баргарданд. Ҳамчунин ба наваскарон роҳи сафед хостанд, то дар адои рисолати ҷавонмардиашон муваффақ гарданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ ба маърака ҳусни тоза зам намуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  

Апрель 19, 2023 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд