Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон барои таҳсил ба Нидерландия мераванд

Апрель 22, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон аз рӯи барномаи магистрии яксола оид ба захираҳои об ва рушди устувор барои таҳсил ба Нидерландия фиристода мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Агентии хизмати давлатӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва хизматчиёни давлатӣ аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил аз рӯи барномаи магистрии яксола оид ба захираҳои об ва рушди устувор дар Донишкадаи байналмилалии идораи захираҳои об дар шаҳри Делфти Подшоҳии Нидерланд ҷаласаи корӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласаи иброз гардид, ки ҳамкории байналмилалии густурдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос бо давлатҳои хориҷа ба таври дахлдор ба роҳ монда шуда, ҳамасола хизматчиёни давлатӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ба зинаҳои гуногуни таҳсил, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар доираи раванди ҳамкорӣ бо Подшоҳи Нидерланд ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 ташаббусро оид ба таҳсил аз рӯи барномаи магистрии яксола оид ба захираҳои об ва рушди устувор дар Донишкадаи байналмилалии идораи захираҳои об дар шаҳри Делфти Подшоҳии Нидерланд роҳандозӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати интихоби довталабон-хизматчиёни давлатӣ аз вазорату идораҳои калидӣ тадбирҳои судманд амалӣ намуда истодааст.

Дар ҷараёни ҷаласаи корӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо хизматчиёни давлатӣ суҳбат анҷом дода, ҷиҳати мушаххас намудани талабот, тартиби баргузории озмун ва имконияту шароити таҳсил мубодилаи назар намуданд.

Хизматчиёни давлатии хоҳишманд пас аз ғалаба дар озмун барои таҳсил аз рӯи барномаи магистрии яксола оид ба захираҳои об ва рушди устувор ба Донишкадаи байналмилалии идораи захираҳои оби шаҳри Делфти Подшоҳии Нидерланд фиристода мешаванд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 22, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд