Хушксолӣ дар Австрия: одамон дар қаъри кӯли хушкшуда танга меҷӯянд
ДУШАНБЕ, 02.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Австрия аз хушксолӣ азият мекашад. Аз сабаби набудани борон сатҳи оби зеризаминӣ дар нисфи қаламрави кишвар хеле коҳиш ёфта, кӯли Тсикзее дар Австрияи шарқӣ пурра хушк шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба агентии Euronews иттилоъ дод.
Сокинони маҳаллӣ дар қаъри хушкшудаи кӯл танга ва ҷавоҳирот меҷӯянд. Дар байни бозёфтҳо скелетҳои моҳӣ низ ёфт мешавад: чанд моҳ пеш дар ин ҷо ҳазорон моҳӣ мурдааст.
«Мо медонистем, ки кӯл хушк мешавад. Агар мақомот қаблан ба наҷот додани моҳӣ шуруъ мекард, ҳоло қисмати зиёдаш зинда мемонд. Онро дидан даҳшатнок буд. Моҳии мурдаро аз ин ҷо бо вагонҳои калон мебурданд», — баён дошт сокини маҳаллӣ Валтер.
Ҳукумати Австрия кӯшиш мекунад, ки бо ин мушкилот тавассути сармоягузорӣ ба зерсохтори оби ошомиданӣ мубориза барад ва барои парма кардани чоҳҳои амиқ кор бурда истодааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АБИ «Казинформ»








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






