ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНА. Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов ба кормандони касбу кори гуногун дар шаҳри Душанбе кумаки моддӣ расонид
ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба беш аз 950 корманди касбу кори гуногун, оилаҳои сарҳадбонон ва бошандагони хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Душанбе кумаки моддӣ расонида, барои 350 нафар дастархони идона орост. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ҶДММ «Сарманзил» иттилоъ доданд.
Кумак аз маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва макарон иборат буд.
Аз ҷумла дар доираи ин иқдом 200 корманди Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе аз кумаки мазкур бархӯрдор гардиданд.
Чунин кумак ба 70 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе низ расонида шуд.
Аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳамчунин ба 85 оилаи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ кумаки моддӣ тақдим гардид.
Инчунин ба 66 корманди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и шаҳри Душанбе кумаки моддӣ расонида шуд.
Ҳамзамон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб» барои 250 нафар дастархон ороста шуда, ба 300 корманди ин муассиса кумак тақдим гардид. Инчунин ба 1 зан-корманди ин муассиса, ки маъюбу бесарпаноҳ мебошад ва давоми 17 сол дар ин ҷо фаъолият дорад, аз ҷониби соҳибкор хонаи истиқоматӣ дода мешавад.
Дар Хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Душанбе соҳибкор 100 бошандаи ин муассисаро сари дастархони идона ҷамъ оварда, ба 100 корманди он кумаки моддӣ расонид. Илова бар ин, ба Хонаи пиронсолон ва маъюбон 6 телевизор, 20 дарзмол, 10 миз барои дарзмолкунӣ ва 10 соати деворӣ туҳфа карда шуд.
Ҳамчунин ба 136 корманди Беморхонаи клиники ёрии таъҷилии тиббӣ барои хизматҳои шабонарӯзӣ ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ кумак тақдим гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»














































































САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд






