Ихтироъкорони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироот дар Москва сазовори медалҳои нуқра шуданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ихтироъкорони тоҷик дар Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии ихтироот ва технологияҳои инноватсионии Москва «Архимед» соҳиби ҷойи ифтихорӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иштироккунандагони намоишгоҳ намояндагони 221 ташкилот аз 27 давлат ва 35 минтақаи Федератсияи Русия буданд, ки ба намояндагони васеи илмӣ-техникӣ қариб 600 лоиҳа ва ихтирооти навоваронаро намоиш доданд. Аз ин теъдод 198 адади он аз тарафи муаллифон ва соҳибони патенти хориҷӣ пешниҳод гардид.
Аз ҷониби Комиссияи тахассусии коршиносон ва ҳакамони байналмилалӣ озмунҳо ҷамъбаст гардида, иштирокчиён бо медалҳои тилло, нуқраю биринҷии намоишгоҳ ва туҳфаҳои махсус мукофотонида шуданд.
Бо қарори ҳакамони байналмилалӣ ихтироъкорон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Зумрат Ғайбуллоева барои ихтирои «Тарзи ҳосилкунии моддаҳои барқароркунанда ҳангоми коркарди ангишт» ва Мадина Кариева барои ихтирои «Сохтор барои муолиҷаи баромадагии модарзодии рон» бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






