ИЛМ. Олимон усули баланд бардоштани ҳосилнокии заминро пайдо карданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Донишгоҳи давлатии Тюмен (ДДТ) пешниҳод карданд, ки ангиштсанги аз партовҳои органикӣ ҳосилшударо барои беҳтар кардани хосияти хок ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин истифода баранд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳамчунин имкон медиҳад, ки тозагии экологии хоҷагиҳои кишоварзӣ таъмин ва қисман нуриҳои минералӣ иваз карда шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» иттилоъ медиҳад, натиҷаҳои тадқиқот дар «Biomass Conversion and Biorefinery» нашр шудааст.
«Азбаски ба замин андохтани мелиорантҳо дар асоси ангиштсанги биологӣ ба ҳосилхезии он таъсири хуб мебахшад, миқдори партовҳои органикии чамъшударо кам карда, дар айни замон ҳосили зироатро баланд бардоштан мумкин аст», — баён дошт мудири озмоишгоҳи технологияҳои самараноки захиравии коркарди термикии массаи биологии Институти X-BIO ДДТюмен Иван Шаненков.
Дар натиҷаи коркарди термикӣ дар муҳити бе оксиген партовҳои органикӣ, аз қабили гарди арра, коҳ, пӯсти чормағзи санавбар ба маводи карбони хеле ковок табдил меёбанд. Ҳангоми ба замин илова намудани он таркиб ва тартиботи обу ҳавои он беҳтар мегардад. Илова бар ин, таркиби ангишти биологӣ доираи васеи микроэлементҳоро дар бар мегирад, ки барои ҳар намуди ашёи хоми истифодашаванда беназир мебошад ва ба ҳосилнокии хок таъсири мусбат мерасонад.
«Дар кишвари мо ангишти билогӣ асосан аз чӯб сохта шудааст ва он ҳамчун захираи сӯзишворӣ истифода мешавад. Мо пешниҳод мекунем, ки онро ҳамчун нурии мустақил барои заминҳои кишоварзӣ ё дар таркиби сохтҳо бо дигар намудҳои мелиорантҳои хокӣ баррасӣ кунем», – шарҳ дод корманди илмии озмоишгоҳ Константин Пономарев.
Дар айни замон олимон барои арзёбии таъсири мубодилаи ангиштҳои биологӣ ва дигар нуриҳои минералӣ ба ҳосили гандум озмоиш мегузаронанд. Натиҷаҳо ба таҳияи тавсияҳо оид ба истифодаи технологияи коркарди гармии миқдори биологӣ ба ангиштсанги биологӣ ва роҳҳои ворид кардани мелиорантҳои бадастомада кумак мерасонанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: РИА «Новости»








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






