Имрӯз дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 04.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Форуми мазкур дар Китобхонаи миллӣ доир шуда, дар он нахуст имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон муаррифӣ мегарданд.
Дар Форум баррасии масъалаҳо оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва сайёҳӣ дар назар дошта шуда, инчунин имконияти ҳамкорӣ аз ҷониби бахши хусусии ду давлат муаррифӣ мегардад.
Дар доираи баргузории Форуми мазкур баимзорасонии санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат- Тоҷикистону Озарбойҷон пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин дар он баргузории мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар назар дошта шудааст.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 2023 дар нақша аст.
Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин, тибқи барнома, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






