Ҳиндустон аз рӯи шумораи аҳолӣ аз Чин пеш гузашт

Апрель 19, 2023 17:42

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз сераҳолитарин мамлакати дунё гардида, бо ин нишондиҳанда аз Чин пеш гузашт. Тавре «АЗЕРТАҶ» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус нашрияи «MarketWatch» бо истинод ба таҳлили пешгӯиҳои СММ хабар додааст.

Мувофиқи маълумоти созмони мустақили «World Population Review», то 17 апрел дар ин давлат 1 425 937 441 (1 миллиарду  425 миллиону 937 ҳазору 441) нафар аҳолӣ дар муқоиса бо 1 425 744 008  (1 миллиарду 425 миллиону 744 008) нафар шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чин зиндагӣ мекунад.

«MarketWatch» ишора мекунад, ки Ҳиндустон дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ мебошад ва ин на танҳо ба шумораи аҳолӣ, балки ба таркиби он низ вобаста аст. Дар ҷумҳурӣ ба ҳар 100 нафар аҳолии қобили меҳнат 47 маъюб рост меояд, ҳол он ки 25 сол пеш ба ҳар 100 нафар аҳолии қобили меҳнат 68 маъюб рост меомад. То соли 2048 ин таносуб то ба 45 коҳиш ёфта, кишвар дар феҳристи давлатҳои дорои арзишҳои пасттарини ин нишондиҳанда аз ҷойи 43 ба зинаи 23-юм мебарояд.

Дар Чин ба ҳар 100 нафари аҳолии қобили меҳнат 45 маъюб рост меояд, аммо пас аз 25 сол ин рақам ба 68 нафар мерасад.

Ҳиндустон давраи ба истилоҳ дивидендҳои демографиро аз сар мегузаронад, ки ба он рушди иқтисодӣ дар пасманзари ҳиссаи ками аҳолии ғайри қобили меҳнат хос аст.

Моҳи январ Созмони омории «World Population Review» пешгӯӣ карда буд, ки Ҳиндустон метавонад соли 2023 аз ҷиҳати аҳолӣ аз Чин пеш гузарад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: «АЗЕРТАҶ»

Апрель 19, 2023 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд