Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амали ғайриқонунии сарҳадшикании террористон

Апрель 26, 2023 15:45

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 26 апрели соли равон 2 аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон хати сарҳади давлатиро аз қаламрави Афғонистон дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумхурии Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ убур намуданд.

Ҳар ду террорист аз ҷониби неруҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон безарар гардонида шуда, нақшаи муғризонаи онҳову ҳомиёнашон бар бод дода шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин амали ғайриқонунии сарҳадшиканӣ ва террористӣ изҳори нигаронии амиқ намуда, онро шадидан маҳкум мекунад ва иброз медорад, ки сарҳади Тоҷикистон бо қудрати том ҳифз карда мешавад ва неруҳои мусаллаҳи мамлакат ба ҳар шахс ё гурӯҳе, ки дар фикри вайрон кардани он мебошанд, посухи муносиб ва сареъ хоҳад дод.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 26, 2023 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд