Кадом сайёраи системаи Офтоб қадимтарин ва кадомаш ҷавонтарин аст

Апрель 23, 2023 15:37

ДУШАНБЕ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. На ҳамаи сайёраҳо ҳамон тавре будаанд, ки имрӯз мо онҳоро мебинем. Аз ин рӯ, баъзеи онҳоро аз ҷиҳати замони ташаккули пурраашон ҷавонтар ҳисоб кардан мумкин аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маводи «АЗЕРТАҶ» иттилоъ медиҳад.

Тақрибан 5 миллиард сол пеш, Офтоб ба табдил додани гидроген ба гелий дар ядрои худ шуруъ кард, то ба ситораи пурраи майдаи зард табдил ёбад, тавре ки мо ҳоло медонем. Дар ибтидо Офтоб диски азими моддаеро, ки аз абри газ боқӣ мондааст, иҳота мекард, ки аз он ситора таваллуд шудааст. Дар ин диски протопланетарӣ, ки аз газ ва чанг иборат аст, равандҳои гуногун ба ташаккули зарраҳои ях ва санг шуруъ карда, ба ҳам пайвастанд. Дар натиҷа сайёраҳо, астероидҳо ва комета (ситора)-ҳо пайдо шуданд. Аммо дар системаи офтобии мо кадом сайёра қадимтарин ва кадомаш аз ҷиҳати замони пайдоиш ва ташаккул ҷавонтарин аст? Ҷавоб шояд он қадар возеҳ набошад, менависад «IFLScience».

Олимон чунин мешуморанд, ки қадимтарин сайёраи системаи Офтоб Юпитер (Муштарӣ) мебошад. Маҳз он давоми 3 миллион соли аввали мавҷудияти системаи ситораҳои мо ба вуҷуд омадааст. Миқдори бузургтарин сайёраи системаи офтобӣ тақрибан 318 массаи Заминро ташкил медиҳад ва дар асл Муштарӣ ҳатто дар атрофи Офтоб давр намезанад. Гап сари он аст, ки маркази миёнаи сайёраи Муштарӣ ва Офтоб, яъне нуқтае, ки сайёраи Муштарӣ дар атрофи Офтоб давр мезанад, маркази ситораи мо набуда, вай дар паси сатҳи он ҷойгир аст.

Пас аз Юпитер (Муштарӣ) сайёраи Сатурн афзоиши худро оғоз кард ва дар паси он Нептун ва Уран вазн пайдо намуданд. Гарчанде ки ду сайёраи охирин ҳанӯз ташаккул меёфт, Муштарӣ ва Сатурн аллакай қисми зиёди газро дар системаи берунии Офтоб ба худ кашида буданд.

Баъд аз он дар қисми дарунии системаи Офтоб чор сайёраи санглох — Замин, Зуҳра, Миррих ва Меркурий пайдо шуд. Олимон тахмин мекунанд, ки Миррих назар ба се сайёраи дигари санглох тезтар ташаккул ёфтааст.

Масъалаи ҷавонтарин сайёраи системаи Офтоб хеле печида аст. Хотиррасон мекунем, ки ҳоло танҳо 8 олам сайёра маҳсуб мешавад, зеро аз соли 2006 Плутон дигар сайёра нест. Он як олами хурд ҳисобида мешавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: АЗЕРТАҶ

Апрель 23, 2023 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад