«КАЙҲОНИ ГУНОГУНПАҲЛУ». Хонандагони Хуҷанд дар Озмуни 5-уми байналмилалии эҷодии кӯдакону наврасон соҳиби медали тилло шуданд

Апрель 27, 2023 20:14

ДУШАНБЕ, 27.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Алишерхон ва Аҳмадҷон Баҳромзодаҳо дар Озмуни 5-уми байналмиллалии эҷодии кӯдакону наврасон, ки 20 апрел таҳти унвони «Кайҳони гуногунпаҳлу» баргузор гардид, соҳиби ҷойи  аввал ва медали тиллои ин озмуни байналмилалӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод хабар дод.

Озмуни байналмилалӣ бо иштироки беш аз 200 кӯдаку навраси боистеъдоди аз 5 то 17-сола доир шуда, дар он кӯдакони 15 давлат:  Фаластин, Урдун, Лубнон, Италия, Олмон, Литва, Латвия, Беларус, Муғулистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Тунис, Миср, Осетияи Ҷанубӣ, Федератсияи Русия ва Ирландия иштирок намуданд.

Тоҷикистон имсол нахустин маротиба дар озмуни мазкур иштирок намуд ва бо корбарии МДТ «Планетарийи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ»  беш аз 10 расми тасвиркардаи кӯдакону наврасони тоҷик ба Кумитаи тадорукоти озмун пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон то ҷамъбасти озмун аз ҷониби ҳайати Кумитаи тадорукоти озмуни байналмилалӣ 30 расми беҳтарин интихоб ва дар саҳифаи расмии озмун ҷой карда шуд.

Озмуни мазкур аз ҷониби Созмони ҷавонони Русияву Ирландия «Шемрок» тайи панҷ сол аст, ки бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон баргузор карда мешавад. Мақсади озмуни байналмилалӣ- шинос намудани кӯдакону наврасон бо коинот, таҳқиқи фазои кайҳонӣ, аҳамияти тадқиқоти кайҳонӣ барои ҳаёти одамони рӯи Замин ва омӯзиши системаи Офтоб ва сайёраҳои он мебошад.

Ғолибони озмун бо Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуда, ғолибони ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм бо ҷоизаи пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Созмони ҷавонони Русияву Ирландия «Шемрок» 30 марти соли 2014 таъсис ёфта, ҳадафаш муттаҳид кардани кӯдакону ҷавонони тамоми олам, рушди неруи фарҳангиву эҷодӣ ва тадқиқотии онҳо мебошад. Ҳамасола аз ҷониби ин созмони бонуфузи кӯдакона озмунҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо ва форумҳои кӯдакону ҷавонон баргузор карда мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Апрель 27, 2023 20:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид