Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Панҷ зарари аз сел расидаро муайян менамояд
ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соати 01:30-и вақти маҳаллии 4 апрел дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Селга ва пахтакори Ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сели азим омада, таҳхонаи биноҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро зери об кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ 15 хонаводаеро, ки дар селроҳа маскан доштанд, муваққатан ба ҷойи бехатар интиқол дод.
Ҷиҳати роҳандозии корҳо барои рафъи пайомадҳои офати табиӣ гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Сулаймон Исозода ба ноҳияи Панҷ рафта, ҳамзамон дар минтақаи офат Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид фаъолият дорад.
Барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ қувваҳои зарурӣ фиристода шудаанд.
Дар айни замон корҳои барқарорсозии харобиҳои сел оғоз шудаанд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. Дар натиҷаи офат ҳалокати одамон ба қайд гирифта нашудааст.
АКС аз манбаҳои боз








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






