Корхонаҳои саноатии ноҳияи Зафаробод ба маблағи зиёда аз 203 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли 2023 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳияи Зафаробод ба маблағи 203 млн 622,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132 млн 138,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод иттилоъ доданд.
Ҳоло дар ноҳия 27 корхонаи саноатии хурду калон ва сехҳои истеҳсолӣ аз тарафи соҳибкорони ноҳия дар соҳаҳои коркарди пахта, истеҳсоли равған, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти ширӣ, парандапарварӣ ва қаннодӣ фаъолият намуда, бобати ташкили корхонаҳои саноатии истеҳсоли афшураҳои меваю сабзавот, хушк намудани пиёз, коркарди пӯсту пашм корбарӣ идома дорад. Соҳаи саноатии ноҳия асосан аз коркарди пахта ва маҳсулоти он вобаста мебошад, ки аз 27 корхонаи саноатӣ 15-тои он корхонаи коркарди пахта мебошад.
Дар семоҳаи якуми соли равон дар ноҳия 1 коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд, ки ба истеҳсоли либоси мактабӣ ва дӯзандагӣ машғул буда, ба иваз намудани маҳсулоти воридотӣ мусоидат менамояд. Соли 2023 таъсиси 4 корхонаи нав бо 38 ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ«Ховар»








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






