Кормандони Вазорати нақлиёт аз Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бузургдошти таъриху фарҳанг ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ кормандони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 6 апрел аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни боздиди кормандони Вазорати нақлиёт аз Осорхонаи Пешвои миллат Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Осорхонаи Пешвои миллат бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар осорхона нигораҳо доир ба давраи таҳсили Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илму маърифат ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд.
Нахуст ҳайати кормандони Вазорати нақлиёт бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир шинос шуда, сипас аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуд. Дар марказ асарҳои Президенти мамлакат ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки
корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки бузургдошти таъриху фарҳанг ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи роҳбарият қарор дошта, ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ин хотир бо иштироки кормандони соҳа пайваста тамошои мавзеъ ва иншооти таърихию фарҳангӣ ташкил карда мешавад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






