КВД БА «Амонатбонк» ҷоизаи тиллоии «Бренди сол»-ро ба даст овард

Апрель 29, 2023 11:19

ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Амонатбонк»  барандаи  ҷоизаи тиллоии «Бренди сол» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ додааст.

Озмуни «Бренди сол-2022» таҳти унвони «Қуллаи Шараф» бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, «Амонатбонк» бо назардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати молиявӣ ва рушди устувори иқтисодиёти мамлакат бо ҷоизаи тиллоии «Бренди сол 2022» сарфароз гардонида шуд.

Ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодаи брендинг аз ҳадафҳои асосии озмуни  «Бренди сол – 2022» —  «Қуллаи Шараф» буд.

Дар айни замон «Амонатбонк» дорои беш аз 600 филиалу маркази бонкӣ буда, ба 25 ҳазор корхонаю ташкилот, зиёда аз 780 ҳазор нафақагири мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва зиёда аз 1,8 миллион амонатгузор хизмат мерасонад. Тамоми ин масъулиятро беш аз 3 000 корманди «Амонатбонк» бар уҳда дорад.

АКС: «Амонатбонк»

Апрель 29, 2023 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст