МАОРИФ — ПОЯИ ДАВЛАТ. Соли 2023 дар Тоҷикистон сохтмони 219 бинои муассисаи таълимӣ ва иловагӣ ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 15.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 219 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 53 ҳазору 148 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 17 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 5718 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд.
Инчунин дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 13 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 4260 ҷойи нишаст бо маблағи 23 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта ва навсозӣ гардид.
Инчунин дар доираи нақшаи амалии барнома бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 67 иншооти дигар идома дорад.
Тавре қаблан ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи Хатлон иттилоъ доданд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид. Тибқи барномаи мазкур, дар вилояти Хатлон то соли 2027 қариб 350 муассисаи таълимӣ бо маблағгузории 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
«Тибқи нақша барномаи мазкур дар ду марҳила- солҳои 2022-2024 ва 2024-2027 амалӣ гардонида шуда, аз се замима иборат аст: сохтани муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд. Марҳилаи дуюм, муассисаҳои таълимие, ки дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон рӯ ба афзоиш аст, ба инобат гирифта мешавад»,- хабар доданд дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Ҳадаф аз барномаи мазкур- беҳтар гардонидани вазъи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд






