Маркази миллии тестӣ: Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шаффоф гузаронида шуда, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои он таъсир расонида наметавонад
ДУШАНБЕ, 03.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи раванду марҳалаҳои Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба довталабон шаффофиятро кафолат медиҳад, чунин омадааст дар муроҷиатномаи махсуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар муроҷиатномаи мазкур инчунин гуфта шудааст, ки ҳар сол марказ дар марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ба алоқамандони ин имтиҳонҳо муроҷиат мекунад. Ҳадаф аз ин- пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуби марбут ба ИМД ва таъкиди довталабон барои дуруст амал кардани онҳо дар марҳалаи номнависӣ ва имтиҳонҳо аст. «Марказ шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор дода, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД кафолат медиҳад. Вобаста ба ин, Марказ дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабонро воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар ИМД роҳ намедиҳад. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад», — гуфта шудааст дар муроҷиатномаи марказ.
Бо вуҷуди ин ҳама, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби баъзе шахсон бобати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Ҳаргиз набояд ба гапи қаллобоне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт баъзе довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд, фирефта шуд.
«Тавре ки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсир расонида наметавонад»,-омадааст дар иттилоияи марказ.
Вобаста ба ин, барои пешгирӣ аз амалҳои қаллобии марбут ба ИМД ва паҳн шудани фикру андешаи беасос нисбат ба фаъолияти Марказ дар байни ҷомеа аз ҳар яки шумо – алоқамандони низоми ИМД хоҳишмандем, ки нисбат ба ин масъала бетараф набошед! Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё, барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил кардан ёрӣ расонда метавонанд, ҳатто агар онҳо, воқеан, корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед! Чунин қавлу ваъдаҳо ба ҷуз фиреби маҳз дигар чизе буда наметавонад!
Агар довталаб ё шахси дигаре бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гардад, аз касе дар мардумфиребию қаллобӣ гумонбар шавад, бояд ҳатман ва таъҷилан ба Марказ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кунад. Марказ омода аст, ки оид ба ҳар масъалаю нофаҳмиҳо вобаста ба чунин ҳолатҳо муроҷиати шаҳрвандонро бишунавад ва барои ҳалли он ё равшанӣ андохтан ба он тамоми тадбирҳои заруриро биандешад.
«Ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД – аз сабти номи довталабон то коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбасти имтиҳонҳо, арзёбии кори довталабон ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимӣ бо истифодаи воситаю технологияҳои замонавӣ ва тавассути барномаҳои компютерӣ сурат гирифта, тибқи тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин месозад»,- дарҷ шудааст дар ин муроҷиатнома.
Ҳамзамон марказ аз довталабон даъват ба амал меорад, ки агар аз имконоти барояшон фароҳамовардаи Марказ огаҳ бошанду онро ҳадафмандона ва дуруст истифода кунанд, имкони анҷом додани амалҳои номатлуб аз ҷониби қаллобону мардумфиребон ба вуҷуд нахоҳад омад. Дар ин маврид иттилооти зарурӣ ва тартибу қоидаҳои муқарраршуда, бахусус шумораи холҳои бадастовардаи худ ва ба чанд балл баробар будани онҳоро донистани довталаб зарур аст. Бо огаҳӣ аз ин ки тақсимоти довталаб ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш дар асоси балли соҳибшудааш сурат мегирад, довталаб, пеш аз ҳама, бояд варақаи ҷавобҳоро аз кабинети инфиродӣ ва ҷавобҳои дурусти саволҳои масъалаҳои тестии дар имтиҳонҳо истифодашударо аз сомонаи Марказ дастрас карда, холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашро мустақилона ҳисоб намояд. Баъдан аз рӯйи ин холҳо миқдори баллҳоро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва баллҳо, ки пас аз эълони натиҷаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, муайян созад.
Инчунин гуфта мешавад, ки барои тайёр шудани довталаб ба имтиҳонҳо истифода аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» низ воситаи хуб аст.
Маркази миллии тестӣ аз довталабон ва ҳамаи алоқамандони низоми ИМД хоҳиш менамояд, ки барои шаффофу одилона баргузор гаштани имтиҳонҳо саҳм гузоранд ва дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё барои ин мақсад мекӯшанд, бетараф набошанд ва бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-66 ба марказ иттилоъ диҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст






