МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бориши зиёди моҳи апрел ба соҳаи кишоварзӣ чӣ таъсир мерасонад?
ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, моҳи апрел дар Тоҷикистон боронҳои пай дар пай, жола ва раъду барқ ба амал меояд. Олимони соҳаи кишоварзӣ ба ин назаранд, ки ба амал омадани борони зиёд дар хоҷагии қишлоқ ба касалиҳои гуногуни растанӣ ва пайдо шудани ҳашароти зараррасон оварда мерасонад. Инчунин дар натиҷаи серборишӣ дар соҳаи боғу токпарварӣ касалии обсӯзӣ метавонад ба амал ояд.
Ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, дар ҳолати ба амал омадани бориши зиёд мебояд барои нигоҳ доштани боғу токзор чорабиниҳои агросаноатӣ ба роҳ монд. «Ҳангоме ки бориши зиёд ба амал меояд, намнокӣ бештар мегардад. Ҳаракат кардан даркор аст, ки дар ин айём байни қаторҳо ҳама вақт аз алафҳо тоза карда шавад. Масъалаи муҳим дар ин давра- ин аз касалии ҳашарот муҳофизат кардани боғу токзор мебошад. Зеро пас аз бориши зиёд ва ба амал омадани жола миқдори ҳашароти зараррасон ва касалиҳои хатарноки дарахтон бештар мегардад»,-мегӯяд мутахассис.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи намии зиёд шароите, ки барои афзоиши ҳашарот, яъне ташкили микрофаунаи онҳо зарур аст, фароҳам меояд. Яъне, ки зиёдшавии онҳо ба назар мерасад. Ҳикматулло Назиров чунин мешуморад, ки баъд аз бориш бисёр хуб мешавад, ки ҳатман ҳолати боғу токзор ҳам дар боғҳои саноатӣ ва ҳам дар наздиҳавлигӣ дида баромада шавад. Зеро бориши зиёд дар ин айём алалхусус ба дарахтони мевадиҳандаи зардолу, шафтолу, ангур, гелос ва олуча таъсир мерасонад.
Мутахассисон мегӯянд, ки дар фасли баҳору ҳавои номусоид дарахтони мевадор баргҳои худро оҳиста-оҳиста мекушоянд. Ангур аз ҷумлаи меваҳое мебошад, ки дар ин гуна вазъи ҳаво осебпазир аст. Ҳавои сард ва намнокии зиёд ба ҳаҷм ва таъми мева таъсири манфӣ мерасонад.
Аз рӯи маълумоти умумие, ки дар тамоми давлатҳои ҷаҳон мавҷуд аст, вақте ки ҳарорат паст ва бориш зиёд мешавад ва оҳиста-оҳиста боз ҳарорат баланд мешавад, миқдори ҳашароти зараррасон ва касалиҳои хатарнок зиёд мегардад. «Тавсия дода мешавад, ки ҳангоми рух додани чунин ҳолатҳо ҳатман истифода бурдани чорабиниҳо аз усулҳои химиявӣ, биологӣ ва умуман интегратсионӣ ба маврид мебошад. Барои бар зидди ширинчаҳо, канаҳо ва кирмҳое, ки ба долу дарахтон, токзор зарари ҷиддӣ мерасонанд, истифода бурдани он заҳрхимикатҳое, ки имрӯз ба таври васеъ истифода карда мешаванду ба он дар соҳаи кишоварзӣ иҷозат дода шудааст, ба маврид аст. Барои нобуд кардани ин зараррасонҳо мебояд аз доруҳои кимиёвӣ истифода карда шавад. Дар 25 литр об 40 мл дору илова карда, бар зидди ҳашарот истифода бурдан зарур аст»,-мегӯяд Ҳикматулло Назиров.
Бояд дар хотир дошт, ки агар мо тавонем ин бемориву ҳашароти зараррасонро пешгирӣ кунем, имкон дорем ҳосили хуб ба даст орем. Дар ҳолати амалӣ накардани чорабиниҳои зарурӣ дар ин айём ҳосил агар ба даст ҳам ояд, вале сифаташ чандон қаноатбахш буда наметавонад. Барои ин бояд чораҳои мушаххас гузаронида шавад, ки дар натиҷа ҳам ҳосили хуб ба даст ояду ҳам худи растаниву токзор аз ҳар гуна зараррасонҳо эмин монад.
Вазъи ҳавои пешгӯишуда барои пахтакорӣ фоидабахш аст. Зеро ба гуфтаи мутахассисон, пунбадонае, ки аллакай дар заминҳо кишт шудааст, бо боридани борон бо намӣ таъмин шуда, пурра неш зада мебарояд. Дар ин сурат кори марди деҳқон осон шуда, аз обмонии зиёдатӣ худдорӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки баъди ба амал омадани борон дар баъзе ноҳияҳои пахтакори мамлакат намӣ зиёд шуда, сафолакҳо пайдо мешаванд. Зеро хоки мо бештар хусусияти сафолакбандӣ дорад. Ин раванд имконияти неш зада баромадани чигитро маҳдуд мекунад. Барои ин коркарди фаврии рӯякӣ пеш меояд, ки мо бояд корҳои сафолакшиканӣ гузаронида, имконияти аз замин неш зада баромадани чигитро таъмин намоем.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Эҳдо ба 35-солагии соҳибистиқлолии мамлакат
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд






