МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ бояд кард, то дар ин шабу рӯз саломатии худро аз ҳавои гардолуд эмин нигоҳ дорем
ДУШАНБЕ, 18.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 19 то 22 апрел дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Дар робита ба ин Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар кӯчаю хиёбон, хусусан дар наздикии роҳҳои нақлиётӣ ва бурдани корҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд. Таъсири чангу ғубор ба саломатии инсон ва роҳҳои пешгирӣ аз онро мутахассиси соҳаи тандурустӣ шарҳ медиҳад.
Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Мухторова мегӯяд, ки заррачаҳои хурдтарини чангу ғубор метавонанд вирусҳоро аз нуқтаи пайдоиши тӯфон ба минтақаҳои бехавф интиқол диҳанд ва сабаби авҷи бемориҳои гуногун гарданд.
Нишонаҳои ин бемориҳо кадом аст?
«Аломати бемориҳо бандшавии бинӣ, гулӯ, сулфаю сурхшавӣ ва дарди чашм мебошад. Дар натиҷа бемориҳои дорои хусусияти мавсимӣ, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ, полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво метавонанд хуруҷ кунанд. Бинобар ин, бемориҳои мавсимӣ низ ба мисли сирояти шадиди роҳҳои нафас, илтиҳоби бронхҳо ва шушҳо метавонанд дар чунин ҳавои ғуборолуд ҷараёни бемориро вазнинтар гардонанд», — иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи мутахассис, дар бадани шахсони гирифтори чунин бемориҳо ҷараёнҳои илтиҳобӣ ва аллергикӣ хуруҷ намуда, медиаторҳои илтиҳоби ва аллергикӣ, ба мисли гистамин, серотонин, брадикинин зиёдтар ҷудо шуда, равиши бемориро вазнинтар мегардонанд. Аз бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард бештар шахсони гирифтори бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои тарбодӣ дар ин вазъи ҳаво азият мекашанд.
Чӣ гуна саломатиамонро аз ҳавои гардолуд эмин нигоҳ дорем?
«Дар ин маврид, пеш аз ҳама, нисбат ба шахсони гурӯҳи ба истилоҳ осебпазир ва дорои хатари саломатӣ, ба мисли беморони гирифтори бронхит, амфизема ё астма, бемориҳои роҳи нафас ва дил, инчунин кӯдакон, занони ҳомила ва пиронсолон тадбирҳои махсус андешидан зарур аст», — тавсия медиҳад мутахассис.
Мавсуф иброз медорад, ки дар чунин ҳаво ҳар шахс бояд аз ниқоб ва респираторҳои муҳофизатӣ истифода намояд.
«Шахсони гирифтори бемориҳои музмини системаи нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия бояд берун аз биноҳои истиқоматӣ кам гарданд. Ҳамзамон дар чунин вазъи ҳаво ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки хонаи истиқоматӣ ва утоқҳои кории хешро тоза нигоҳ доранд. Махсусан, бо матои намнок мизу курсӣ, дару тиреза, фарш ва ҷевонҳоро давоми рӯз якчанд маротиба аз чанг тоза намоянд. Дар ҷараёни рӯбучини хона аз чангкашаки барқӣ истифода намудан беҳтар мебошад, зеро он чангро дар худ нигоҳ медорад», — тавсия дод ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи Парвина Мухторова, новобаста аз чунин вазъи ҳаво беморон бояд ҳатман реҷаи парҳезро риоя намоянд.
«Барои пок кардани бадан аз чангу ғубор, пеш аз ҳама, зарур аст, ки давоми рӯз якчанд маротиба ковокии бинӣ ва гулӯ бо маҳлулҳои содаи 2% ва оби ҷӯшомадаи ширгарм шуста шавад. Инчунин истифодаи нӯшокиҳои гарм низ муфид мебошад», — афзуд номбурда.
Ҳамсуҳбати мо ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин вазъи ҳаво ба варзиш машғул шаванд, зеро он масунияти бадани инсонро баланд мегардонад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






