Минтақаҳои шарқии Муғулистонро тӯфони серчангу ғубор фаро гирифт

Апрель 28, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷшанбе музофотҳои Сухбаатор, Хэнтий ва Дорноди шарқи Муғулистонро тӯфони серчангу ғубор фаро гирифт, ки дар натиҷа биниш дар роҳҳо душвор  гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ  додааст.

Тавре Институти обуҳавошиносӣ ва назорати муҳити зисти Муғулистон хабар медиҳад, суръати шамол дар минтақаҳои  номбаршуда ба 24 м/с расидааст. Интизор меравад, ки дар оянда тӯфони серчангу ғубор қаламрави бештари кишварро фаро мегирад.

Дар робита ба ин, Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон аз чорводорони бодиянишин даъват кардааст, ки дар чарогоҳҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд ва ронандагон бинобар мушкилоти биноӣ дар роҳҳо ҳушёр бошанд.

14 марти соли 2021 бар асари тӯфони шадиди серғубор, ки аксари қаламрави Муғулистонро фаро гирифт, дар вилояти Дундгов дар маҷмуъ даҳ нафар ба ҳалокат расида, беш аз 160 ҳазор сар чорво талаф ёфт.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 28, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад