Моҳи июл Хоруғ мизбони Конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон мегардад

Апрель 24, 2023 09:14

ДУШАНБЕ, 24.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июли соли равон дар шаҳри Хоруғ дар мавзуи «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: дастовард ва мушкилот (омӯзиши таҷрибаи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон)» Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар робита ба ин 17 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба баргузории конференсияи мазкур доир гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Кумитаи тадорукот масъалаҳои дар сатҳи баланди ташкилию мазмунӣ гузаронидани конференсияро, ки 20  июли соли 2023 дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шуҳрати калон пайдо кардааст. Мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, аз қабили кӯли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Зуҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир ба рушди сайёҳии минтақа мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиёти ҳар давлат маҳсуб шуда, бо назардошти  муҳимияти соҳа  ва дорои захираҳои бойи туристӣ будани мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  солҳои охир барои рушду пешрафти ин соҳа тадбирҳои  муассир меандешад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 24, 2023 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад