Муҳаққиқон харитаи манзараи Антарктидаро бе қабати ях сохтанд

Апрель 7, 2023 14:57

ДУШАНБЕ, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ях тақрибан 98 фоизи сардтарин қитъаи Заминро ташкил дода, қисми зиёди сатҳи онро аз назари тамошо пинҳон менамояд. Аммо бо шарофати усулҳои бебаҳои тасвирӣ мо метавонем амиқтар дарк кунем, ки Антарктида бе ях чӣ гуна намо дошта метавонад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба ВАО —  хориҷӣ хабар додааст.

Харитаи Bedmap2 соли 2013 тавассути омезиши миқдори зиёди баландии рӯи замин, ғафсии ях ва топографияи зери ҷинсҳо, ки аз ҷониби NASA ва Хадамоти антарктидавии Британия бо кумаки  моҳвораҳо, ҳавопаймоҳо ва тасвирҳои заминӣ ҷамъоварӣ шудааст, сохта шудааст. Дар ин хусус IFLScience менависад.

Аз харита дида мешавад, ки замини холии зери сипари яхини Антарктида- макони ноҳамворест, ки аз қаторкӯҳҳо, дараҳо ва релефҳои пурдарахт иборат аст. Ҷолиб он аст, ки яке аз минтақаҳо, бахусус дар зери пиряхи Берд, ки  дар Замини Виктория мавҷуд аст, дар умқи 2870 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Маҳз ҳамин нуқта дар ҳама гуна тахтасангҳои қоравии Замин пасттарин мебошад.

Питер Фретвелл аз Хадамоти антарктидавии Британия иброз намуд, ки «харита пойгоҳро дар зери яхбандии Антарктика бо тафсилоти беназир нишон медиҳад. Пештар мо тавсифи умумии як қитъаро доштем, вале харитаи нав бо имконияти хеле баланд худи релеф:  манзараи мураккаби кӯҳҳо ва теппаҳоеро, ки аз водиҳо, ҳавзаҳо ва дараҳои ҷуқур чудо гардидаанд,  нишон медиҳад».

Мутахассисон тавзеҳ медиҳанд, ки яхбандӣ бо шарофати барф афзоиш меёбад ва мисли асали ба табақ рехташуда ба берун паҳн шуда, зери вазни худ тунук мешавад. Аз ин рӯ, шакли сатҳ муҳимтарин омили номаълумест, ки ба ҷоришавии ях таъсир мерасонад.

Маълумоти харитаи Bedmap2 нишон медиҳад, ки Антарктида дорои 27 миллион километри мукааб оби яхшуда мебошад, ки агар ях об шавад, сатҳи баҳр тақрибан то ба 58 метр боло мебарояд.

Ҳарчанд ки тибқи пешгӯиҳои кунунии иқлим пурра об шудани тамоми яхбандии Антарктика дар назар нест, аммо комилан маълум аст, ки он оҳиста бо суръати бениҳоят об мешавад.

Тибқи ҳисобҳои охир, дар натиҷаи обшавии пиряхҳои Антарктида ва Гренландия сатҳи баҳри ҷаҳонӣ ҳар сол 4 миллиметр баланд мешавад. Ин тақрибан ба «бадтарин барномае», ки аз ҷониби Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматии СММ оид ба тағйирёбии иқлим пешниҳод шудааст, мувофиқат мекунад.

Ҳло олимон болои яке аз харитаҳои беҳтарин- Bedmap3 кор карда истодаанд, то ин ки дар бораи ғафсии ях ва олами зери Антарктида маълумоти бештар ба даст оранд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

Акс: АЗЕРТАҶ

Апрель 7, 2023 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад