МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ-ВАЗИФАИ ҲАР ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Вазорати рушди иқтисод вобаста ба ин мавзуъ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат вобаста ба муқовимат ба коррупсия мулоқот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 вобаста ба ин масъала таъкид намуданд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар сокини мамлакат мебошад».
Дар робита ба ин муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо иброз дошт, ки муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар хизматчии давлатӣ мебошад.
Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти давлат дар бар мегирад.
Коррупсия ба пешрафти ҷомеа ва рушду нумуи он латма зада, сатҳи беҳдошти мардумро паст мекунад. Агар ҳар фарди ҷомеа ва субъектҳои мубориза бо коррупсия дар якҷоягӣ бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, хавфҳои коррупсионӣ дар ҷомеа кам мегарданд.
Дар ҷамъомад аз ҷониби намояндаи Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони дастгоҳи марказии вазорат суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид






