Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав аз хоҷагии деҳқонии «Кишоварз» ва Пойгоҳи обкашии «Қаратоғи Нав-1» дидан намуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади шиносоӣ бо нашъунамо, сабзиш ва ҳолати кунунии боғоту растаниҳо аз ноҳияи Шаҳринав боздид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
Муовини Сарвазири мамлакат нахуст аз хоҷагии деҳқонии «Кишоварз» дидан карда, ба масъулин ҷиҳати нигоҳубин ва парвариши беҳтари боғот дастуру тавсияҳои судманд дод.
Ҳамзамон таъкид намуд, ки истифодаи самаранокии замини байни токзор таъмин карда шуда, кишти сабзавоти полезӣ ва дигар намуди зироати техникӣ ба роҳ монда шавад.
Сулаймон Зиёзода ҳамзамон аз фаъолияти Пойгоҳи обкашии «Қаратоғи Нав-1» дидан намуд.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҳолати омодагии системаҳои обёрикунӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ барои таъмини оби полезӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ бояд пурра омода карда шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав










Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






