«НАҚШИ ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОР ДАР ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд

Апрель 21, 2023 16:55

ДУШАНБЕ, 21.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши занони сиёсатмадор дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» -таҳти чунин унвон 19 апрел бо мақсади дар амал татбиқ намудани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир шуда, дар он намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» иштирок намуда, вобаста ба нақши занон дар таҳкими пойдории оила ва давлат сухан гуфтанд.

«Қабул гардидани қонуни мазкур ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан буда, дар ин самт бояд занон нақши босазо гузоранд. Зеро тамаддуни башарӣ аз домани занон маншаъ мегирад ва инро бояд насли башар донаду эҳтиром созад»,-иброз доштанд иштирокчиёни ҳамоиш.

Гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти зани тоҷик таъсири амиқ гузошта, онҳо ҳамчун фарзандони ин сарзамини аҷдодӣ ба раванди таҳким бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ фаъолона ворид гаштанд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ собит гардид, ки занон дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ вазифаи роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд.

Дар идома иштирокчиён дар бораи дарки ҳувияти миллӣ, ҳисси худшиносӣ, муқаддасоти Ватан-Модар, роҳҳои пешгирӣ намудани паҳншавии афкори ифротгароёна, хурофоту таассуб андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Иброз дошта шуд, ки  ҳувият миллатро сарҷамъ мекунад. Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткорона истифода намуда, фирефтаи таблиғу тарғиби дигарон нашаванд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 21, 2023 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст