Намояндагони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Риёз иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 апрел тавсеаи ҳамкории ду давлатро дар бахши сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот иброз карда шуд, ки барои дар сатҳи баланд барқарор кардани ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ дар самти сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии тарафҳо бояд ҳарчӣ зудтар санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад. Дар айни замон лоиҳаи санади ҳамкорӣ дар баррасии ҷониби Арабистони Саудӣ қарор дорад.
Инчунин зимни вохӯрӣ Сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе оид ба Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Риёз, ки баргузории он моҳи майи соли 2023 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ба нақша гирифта шудааст, маълумот дода, даъват ба амал овард, ки намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок кунанд.
Роҳбарияти Кумита баён доштанд, ки намояндагони Тоҷикистон барои иштирок дар намоишгоҳи мазкур омодагӣ гирифта истода, барои муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат тамоми тадбирҳо андешида мешавад.
Ҳамзамон пешниҳод карда шуд, ки байни мақомоти дахлдори сайёҳии тарафҳо бояд вохӯрии маҷозӣ ташкил гардад. Барои анҷом додани ин кор масъул аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муайян шавад.
Роҳбарияти Кумита ба сафири Арабистони Саудӣ оид ба имтиёзҳои роҳандозишуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дод. Иброз карда шуд, ки сайёҳӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд






