Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи «Харитаи роҳ барои вабои сумдард ва тоуни чорвои хурди шохдор» дар Озарбойҷон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25-27 апрел дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи минтақавии «Харитаи роҳ барои вабои сумдард ва тоуни чорвои хурди шохдор» доир шуд, ки дар он Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа банақшагирии чорабиниҳои байнидавлатии муштарак оид ба пешгирӣ, мубориза бо бемориҳои вабои сумдард ва тоуни чорвои хурди шохдор, паст кардани сатҳи талафоти маҳсулоти чорводорӣ, сатҳи камбизоатии аҳолии деҳот, беҳтар намудани фазои савдои байналмилалии чорвои маҳсулдеҳи зотӣ, маҳсулоти аз ҳайвонот истеҳсолшаванда, таъмин кардани саноати коркард бо ашёи хом ва содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат муҳокима гардид, ки ин масоил дар рушди соҳаи чорводорӣ саҳми назаррас дорад.
Ҳамзамон иштирокчиён дар раванди баргузории ҷаласа бо ҳамтоёни худ аз дигар давлатҳо вохӯрӣ доир намуда, дар ин раванд мушкилот ва масъалаҳои марбут ба ҳамкории минбаъдаи соҳаро муҳокима намуданд.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






