Нашриёти «Ирфон» доир ба усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ китоб ба нашр расонид

Апрель 4, 2023 15:21

ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Муассисаи нашриявии «Ирфон» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) таҳти унвони «Усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ» китоби нав ба нашр расонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур иттилоъ доданд.

Ин дастури илмӣ–амалӣ  дар матбааи ҶДММ «Сифати чоп» бо теъдоди қариб 500 нусха ба табъ расидааст.

Тавре директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», муҳаррири библиографӣ, номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Ғуломзода иттилоъ дод, «дар ин дастур маълумоти ибтидоӣ дар бораи усулҳои  тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ  дар манзили истиқоматӣ, корхонаю ташкилот, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар ташкилот, новобаста ба шакли моликияташон гирд оварда шудааст. Аз ҷумла, маълумоти мухтасар дар бораи мафҳуми ҷараёни электрикӣ, тавлид ва тарзи интиқоли он ба ҳар хонадон ва корхона, занҷири электрикии одӣ ва ҷузъҳои он, сохти электрикии баъзе таҷҳизоти электрикии хона, маълумоти ибтидоӣ дар бораи кори манбаъҳои  барқароршаванда ва барқарорнашавандаи энергия, муҳофизакҳо ва ҳимоятгариҳои худкор (автоматӣ) пешниҳод шудааст».

Муқаддимаи дастури илмӣ-амалӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ навишта шудааст.

Китоби  илмӣ-амалии «Усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ» барои ҳамаи истифодабарандагони неруи барқ, устодону донишҷӯёни соҳаи табиатшиносӣ, илмҳои дақиқ ва риёзӣ дастури хуби корию омӯзишӣ ба шумор меравад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 4, 2023 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад