«НАСИБИ ШИРИН» ВА «ДОРО ИНВЕСТ». Дар Хуҷанд сохтмони корхонаҳои саноатӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел роҳбарияти вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони якчанд корхонаи саноатӣ шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар маҳаллаи «Темурмалик»-и шаҳр Раиси вилоят бо раванди сохтмони коргоҳи коркарди гӯшти мурғ ва истеҳсоли ҳасиби ҶДММ «Насиби ширин» шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Салимҷон Ҷӯраев бунёд гардида, асосан ба коркард ва басту банди гӯшти мурғ ва ояндаи наздик ба истеҳсоли ҳасиб машғул хоҳад шуд.
Корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ бомаром идома ёфта, таҷҳизоти коргоҳ, ки истеҳсоли давлатҳои Чин ва Туркия мебошад, то охири соли 2023 ворид карда мешавад. Ҳаҷми аввалини сармоягузории ин тарҳ беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тазаккур дода шуд, ки дар марҳилаи аввали бакорандозии корхона коркарди гӯшти мурғ ба назар гирифта шудааст. Дар марҳилаи дуюм соҳибкор иқдом гирифтааст, ки бо ворид намудани технологияи муосир истеҳсоли ҳасибҳои гуногуннавъро ба роҳ монад. Баъди баистифодадиҳии марҳилаи аввали ин коргоҳ беш аз 40 шаҳрванд соҳиби ҷойи кори доимӣ мешавад.
Сипас, роҳбари вилоят ҷараёни сохтмони корхонаи «Доро инвест»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ширкати гуногунсоҳаи «Доро инвест» корхонаи коркарди мева бунёд мешавад. Интизор меравад, ки баъди воридоти таҷҳизоти муосир аз хориҷи мамлакат корҳои васлкунӣ оғоз гарданд.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат таъкид намуд, ки ин иқдомро саноатчиёни вилоят ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






