Нишасти «Чин – Осиёи Марказӣ» моҳи май баргузор мегардад

Апрель 28, 2023 18:45

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нишасти «Чин-Осиёи Марказӣ» моҳи майи соли равон дар Сиан (Чин) баргузор мегардад, чунин омадааст дар иттилоияи рӯзи панҷшанбе нашршуда оид ба натиҷаҳои вохӯрии 4-уми вазирони корҳои хориҷӣ дар сиғаи «Чин – Осиёи Марказӣ». Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад.

Узви Шӯрои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсин Ган дар ҷаласаи 4-ум раисӣ намуда, ба дастовардҳои таърихӣ ва пешрафти ҳамкории Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун ҳамсояҳои нек, дӯст, шарик ва бародар ишора намуд.

Дар ҷаласаи 3-юми вазирони корҳои хориҷӣ дар сиғаи  «Чин ва Осиёи Марказӣ», ки моҳи июни соли 2022 баргузор шуд, ҳама ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки раванди мулоқоти сарони давлатҳо дар сиғаи  «Чин — Осиёи Марказӣ» таъсис дода шавад.

Дар мулоқот вазирон барои нишасти дарпешистода омодагии ҳамаҷонибаи сиёсӣ гузаронида, қавл доданд, ки дӯстиро тақвият ва ҳамкории ҳамаҷонибаро густариш хоҳанд дод.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Синхуа»

Апрель 28, 2023 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд