Оғоз дар се сония: дар Тоҷикистон видеои мобилиро чӣ тавр тамошо мекунанд?
ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Instagram ба яке аз майдонҳои маъруфтарине табдил ёфтааст, ки дар он соҳибони смартфонҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон видео тамошо мекунанд. Оператори имконияти нави рақамӣ бо таҳлили сифати пахши филмҳо, наворҳо ва намоишҳои мустақим дар дастгоҳҳои муштариён рейтинги худро омода намудааст.
Ҷои дуюм ва сеюмро дар панҷгонаи беҳтарини майдонҳои маъруф YouTube ва Facebook соҳиб шуда, Vkontakte ва WhatsApp дар байни муштариёни МегаФон дар ҷои чорум ва панҷум қарор гирифтаанд.
Дар баробари баҳогузории сифати видеои мобилӣ мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» суръати пахш, вақти оғоз ва видеодропҳо, яъне дасткашиҳои истифодабарандагонро аз тамошои минбаъда ба назар мегиранд.
Суръати миёнаи тамошои видео дар шабакаи оператор дар ҳудуди ҷумҳурӣ 5 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Барои оғоз ба ҳисоби миёна 4 сония зарур меояд. Ҳамзамон дар дастгоҳҳои 60% муштариён пахши видео зудтар – пас аз се сония ва ҳатто камтар вақт оғоз меёбад. Маҳз ҳамин ҳиссаи истифодабарандагон – 60% – видеоро то охир бидуни қатъи он бо сабаби «сустшавӣ» ё сифати пасти тасвир тамошо мекунанд. Қатъи тамошои видео дар ҳолати 40% боқимондаи муштариён бо сабабҳои гуногун – аз танзимоти смартфон ё набудани шабакаи 4G дар он вобаста мебошад.
«Тадқиқоти аз ҷониби мутахассисони ширкати мо гузаронидашаванда имкон медиҳад, ки ҳолати умумӣ бо смартфонҳо, фаъолияти шабака ва бахусус интернети мобилӣ баҳо гузошта шавад. Дар марҳилаҳои минбаъда маълумоти мазкур барои такмили сифати хизматрасонӣ, муҳайё намудани шароити боз ҳам мувофиқ барои муштариён истифода бурда мешавад», — шарҳ дода мегӯяд директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Рафил Аглямов.
Маълумоти дар натиҷаи тадқиқот бадастомада дар ҷараёни таҳияи тарофаҳо ва опсияҳо ба кор бурда мешавад. Масалан, мароқу завқи дӯстдорони видео ҳангоми тақияи тарофаҳои «#АзҲамаЗиёд» ва «#НигаронНабош» ба назар гирифта шуда буд. Дар ҳарду тарофа ҳамаи паёмрасонҳо ва шабакаҳои маъруфи иҷтимоӣ, аз ҷумла YouTube ройгон мебошанд. Он тарофаҳое, ки дар онҳо истифодаи ройгони видеохостинги мазкур пешбинӣ нашудааст, пайвасткунии опсияи махсуси иловагии ройгони «YouTube»-ро бо нархи 55 сомонӣ дар як моҳ пешбинӣ мекунад. Он ба дӯстдорони видеои нисбатан давомдор ва «вазнин» имкон медиҳад, ки онро бе маҳдудияти вақт ва ҳаҷми трафики интернет тамошо кунанд.
Маълумоти муфассалро оид ба тарофаҳо ва опсияҳо метавон дар сомонаи ширкат дастрас намуд.
АКС: МегаФон Тоҷикистон








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






